Дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон (U-15) дар мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” дар Чин бо ду пирӯзӣ ва як мусовӣ ғолиби ин мусобиқа гардид.

Дар бозии аввали мусобиқа шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи ҳамсолонашон аз Қирғизистон 8 голи беҷавоб заданд. Муҳаммадворис Сайдалиев ва Абдуфаттоҳ Худойдодзода ба номашон хет-трик сабт карданд. Ду голи дигарро Кабир Салимшоев ва Раҳматшо Раҳматзода ба ҳадаф расониданд.

Бозингарони наврас дар даври дуюм бар наврасони Мйанма бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуданд. Голҳоро дар ҳайати Тоҷикистон Хусрав Тоиров (дақиқаи 23-юм), Меҳрубони Абдурауф (27), Муҳаммадворис Сайдалиев (53, аз пеналтӣ), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (57) ва Муҷовид Шовайсудинов (90) заданд.

Наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи байналмилалии “Silk Road – Hua Shan Cup-2019” дар шаҳри Вэйнани Чин бози охирро 0-уми апрел бо дастаи Чин анҷом доданд.

Даста дар даври охирин бо дастаи мунтахаби Чин вохӯрда, бозиро бо натиҷаи 0:0 ҷамъбаст кард ва дар маҷмӯъ соҳиби Ҷом гардид.

Дар расми ҷамъбасти мусобиқа ба футболбозони навраси тоҷик  Ҷоми мусобиқа тақдим гардид. Ҳамчунин унвони беҳтарин дарвозабон ба Сафармад Ғаффоров, беҳтарин ҳамлагар ба Абдулфаттоҳ Худойдодзода ва беҳтарин нишонзан ба Муҳаммадворис Сайдалиев мансуб дониста шуд.

Иштирок дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Ҳуа Шан” (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) яке аз марҳилаҳои омодагӣ ба бозиҳои интихобии Чемпионати Осиё ба ҳисоб меравад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here