Дастаи мунтахаби наврасони кишвар (U-17) дар як мусобиқаи байналхалқӣ дар қисми якум ба бохти сангине рӯ ба рӯ шуд ва гумон мерафт, ки тақдири бозӣ ба фоидаи ҳариф ҳал шудааст, аммо шогирдони Зайниддин Раҳимов дар қисми дуюм 3 гол заданд ва бозиро мусовӣ карданд.

Бозии аввали дастаи кишвари мо дар мусобиқаи байналмилалӣ ба хотираи Валентин Гранаткин дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия дар гурӯҳи “В” бо дастаи наврасони Юнон хуб оғоз нашуд ва нимаи аввали дидор бо ҳисоби 3:1 ба нафъи юнониҳо ба поён расид. Футболбозони мо дар қисми дуюм маҳорат нишон доданд ва тавонистанд аз бохт наҷот ёбанд.

Ҳисоби бозиро дар дақиқаи 10-ум бозигари ҳариф Тимианис кушод. Дар дақиқаи 34-ум Шарифбек Раҳматов ҳисобро баробар кард. Юнониҳо дар дақиқаҳои охири нимаи аввали бозӣ тавассути голҳои задаи Мичелис ва Тимас ҳисобро афзуданд – 3:1. Рустам Соиров дар дақиқаи 63-юм аз пеналтӣ ва дар дақиқаи 70-ум ду гол зад. Сипас, Тсакирис дар дақиқаи 66 дастаашро дубора ба пеш баровард, аммо баъди як дақиқа Ислом Зоиров мувоизантро барқарор кард.

Дар бозии дигари гурӯҳ наврасони Туркия бар Қирғизистон бо ҳисоби 1:0 ғалаба карданд.

Дар даври навбатӣ шогирдони Зайниддин Раҳимов 7 июн бо ҳамсолонашон аз Қирғизистон бозӣ мекунанд. Оғози бозӣ соати 14:00 бо вақти Душанбе. Дар бозии ниҳоии гурӯҳӣ (10 июн) ҳарифи тими Тоҷикистон дастаи наврасони Туркия мебошад.

Дар Мусобиқа ба хотираи Гранаткин 12 даста иштирок доранд, ки ба се гурӯҳ тақсим шудаанд. Ғолибони гурӯҳҳо ва беҳтарин дастаи ҷои дуюми гурӯҳҳо ба нимфинал роҳ меёбанд. Боқимонда дастаҳо барои ҷойҳои 5-12 мусобиқаро идома медиҳанд.

Добавить комментарий