Усмон Тошев дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-22)-ро ба Мусобиқаи байналмилалии «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» мебарад.

Ин мусобиқа дар шаҳри Жуҳайи Ҷумҳурии Чин баргузор мегардад ва аз 8-ум то 14-уми декабр идома мекунад.

Олимпичиёни Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев бо дастаҳои олимпии Чин (8 декабр), Малӣ (11 декабр) ва Сурия (14 декабр) бозӣ мекунад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр доир мегардад.

«CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019»:

Даври якум. 8 декабр (якшанбе)

18:00. Сурия – Малӣ

21:35. Чин – Тоҷикистон

Даври дуюм. 11 декабр (чоршанбе)

18:00. Малӣ – Тоҷикистон

21:35. Сурия – Чин

Даври сеюм. 14 декабр (шанбе)

18:00. Тоҷикистон – Сурия

21:35. Чин – Малӣ

Оғози баргузории бозиҳо бо вақти Душанбе аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here