Дастаи мунтахаби олимпии футболи Тоҷикистон (U-22) дар аввалин бозии мусобиқаи «CFA Team China W.O Cup International Football Tournament Zhuhai 2019» дар Жуҳай аз дастаи мунтахаби олимпии футболи Чин мағлуб шуд.

Ин бозӣ шоми дирӯз баргузор шуд ва аввалин вохӯрии ин мусобиқа буд. Аввал соҳибони майдон ба пеш баромаданд, баъди чанд дақиқа футболбозони умедбахши тоҷик ҳисобро баорбар карданд. дар вақти иловагӣ чиниҳо як голи дигар заданд ва ғалабаи худро таъмин карданд. Бозӣ бо ҳисоби 2:1 хотима ёфт. Голи дастаи Тоҷикистон ҳуҷумкунандаи клуби футболи “Истиқлол”-и Душанбе Шериддин Бобоев зад.

Дар бозии дигари мусобиқаи байналмилалӣ дар Чин дастаи мунтахаби олимпии Сурия бар дастаи Малӣ бо ҳисоби 1:0 ғалаба кард.

Бозиҳои даври дуюм 11-уми декабр баргузор мешаванд. Ин навбат шогирдони Усмон Тошев бо дастаи олимпии Малӣ ба майдон мебароянд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here