Дирӯз дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон бо дастаи мунтахаби Чин вохӯрии дӯстона анҷом дод, ки бо шикасти шогирдони Усмон Тошев ба охир расид.

11-уми июн дар Гуанжоуи Чин бо дастаи мунтахаби ин кишвар баргузор шуд. Чин, ки солҳои охир футболаш рушд кардааст ва дар Осиё яке аз 8 дастаи пурқувват ба ҳисоб меравад, зери роҳбарии мураббии шинохтаи итолёвӣ Марчелло Липпӣ ба майдон омад. Вохурии дастаҳо дар шоҳидии 40000 мухлис баргузор шуд. Бозӣ бисёр ҷолиб ва баробар сурат гирифта, бо ҳисоби 1:0 ба фоидаи дастаи мизбон анҷом ёфт. Голи ягонаро Янг Су дар дақиқаи 10-уми дидор зад. Ба ақидаи коршиносон ин вохӯрии дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз бозии якум ба таври куллӣ фарқ дошт. Новобаста ба бохт даста дар муқобили яке аз беҳтарин дастаҳои Осиё бозии хуб нишон дод.

Сармураббии нави дастаи Тоҷикистон Усмон Тошев дар бозиҳои дӯстона чанд футболбози навро ба ҳайат даъват кард, то онҳо дар ин вохӯриҳо санҷида шаванд ва ба даври интихобии Чемпионати ҷаҳон-2022 омода гарданд.

Ёдовар мешавем, ки вохӯрии якуми даста 7-уми июн дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ дар Душанбе бо дастаи мунтахаби Афғонистон баргузор шуд. Ҳайати Афғонистон бо чанд бозигаре, ки дар Аврупо таълим гирифтаанд ва дар мусобиқоти дохилии ин қора бозӣ мекунанд, ба майдон баромад. Дар ҳайати Тоҷикистон бозигарони ҷавон барои аз санҷиш гузаштан майдондорӣ карданд. Дар бозии баробар меҳмонон ҳисобро кушоданд ва гумон мерафт, ки баъди ин футболбозони Тоҷикистон ба худ меоянд ва дарвозаи ҳарифро голборон мекунанд, аммо ин тавр нашуд ва бозигарони Афғонистон сарбаландона то лаҳзаҳои охир ҳисобро нигоҳ доштанд. Чанд дақиқа пеш аз анҷоми бозӣ ба бозигари дастаи мо Шаҳром Самиев, ки дар қисми дуюм ба майдон баромада буд, муяссар шуд ҳисобро баробар кунад. Мусовӣ ва бештари коршиносон ба бозии дастаи Тоҷикистон баҳои бад доданд ва аз маҳорати дастаи Афғонистон ситоиш карданд.

Добавить комментарий