Рӯзи панҷшанбе, 10 октябр, бозиҳои даври сеюми марҳилаи дуюми интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 баргузор шуданд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар ин давр истироҳат дошт.

Дар гурӯҳи «F», ки дар он дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозӣ мекунад, ду вохӯрӣ баргузор шуд. Ҷопон дар варзишгоҳи Сайтама-2002 ба дарвозаи Муғулистон шаш голи беҷавоб фиристод. Дастаи Қирғизистон дар Бишкек дастаи мунтахаби Мянмарро мағлуб кард — 7: 0.

Пас аз се даври мусобиқа, дар садри ҷадвал бо имтиёзҳои якхела дастаҳои мунтахаби Ҷопон ва Тоҷикистон, ки шашимтиёзӣ ба даст овардаанд, пешсафанд.

Дар даври чорум рӯзи сешанбе, 15 октябр, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон ва Ҷопон дар Варзишгоҳи марказии Душанбе вомехӯранд. Ин бозӣ соати 17:15 оғоз меёбад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here