Имрӯз, 19 декабр, дар тамоми корхонаву муассисаҳои  шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ намоиши филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» баргузор мегардад. Иқдоми мазкур бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии телевизиони «Сафина»  роҳандозӣ шудааст.

Филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» ба ҳаёт ва фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон  бахшида шудааст. Мақсад  аз намоиши филми ҳуҷҷатии «Марди роҳ» расидан ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ, ҳифзу гиромидошти арзишҳои бузурги даврони соҳибистиқлолӣ, хусусан эҳтиром ва арҷгузорӣ ба заҳмату талошҳои президент Эмомалӣ Раҳмон гуфта мешавад.

Намоиши дастаҷамъонаи филми мазкур дар тамоми шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ҷалби намояндагони аҳли зиё ва доираи васеи ҷавонон ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, имрӯз бо ҷалби 700 нафар корманди ҷавони вазорату идораҳо филми «Марди роҳ»  дар толори  Маркази «Вефа» дар Душанбе намоиш дода мешавад. Пас аз намоиши филми мазкур аз ҷониби аъзои маҳфили «Пайравони Пешвои миллатем!» – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш аксияҳои тарғиботӣ таҳти унвони «Бо Президентам ифтихор мекунам!», «Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат», «Мо Шуморо дӯст медорем – Пешвои миллат!» доир шуда,  нишони сарисинагӣ, ки дар он акси Пешвои миллат таҷҷасум ёфтааст, тақсим карда мешавад.

Добавить комментарий