Федератсияи футболи Тоҷикистон беҳтаринҳои футболро дар соли 2019-ум эълон кард, ки нимҳимоятгари клуби “Истиқлол”-и Душанбе ва дастаи мунтахаби кишвар Алишер Ҷалилов беҳтарин бозингари сол эълон гардид.

Ҳамчунин, беҳтаринҳо дар лигаи наврасон, лигаи бонувон, лигаи ҷавонон, лигаи якум ва олӣ, миёни собиқадорон ва ғайра муайян шуданд.

Беҳтаринҳои футболи тоҷик дар мавсими соли 2019:

Лигаи наврасон (U-15)

Беҳтарин бозингар – Далер Маҳатов (Мактаби варзишии махсуси футбол, чавгонбозӣ ва аспсавории вилояти Суғд);

Беҳтарин мураббӣ – Ҷомихон Муҳиддинов (Мактаби варзишии махсуси футбол, чавгонбозӣ ва аспсавории вилояти Суғд);

Лигаи наврасон (U-17)

Беҳтарин бозингар – Амирҷони Фаррухзод («Равшан»);

Беҳтарин мураббӣ – Ҷавҳаршоҳ Шоҳғиёсов («Равшан»);

Лигаи ҷавонон (U-18)

Беҳтарин бозингар – Алиҷони Айнӣ (Академияи футболи ФФТ);

Беҳтарин мураббӣ – Аҳлиддин Турдиев (Академияи футболи ФФТ);

Лигаи бонувон (U-15)

Беҳтарин бозингар – Рухшона Файзуллоева (Мактаби варзишии махсуси футбол, чавгонбозӣ ва аспсавории вилояти Суғд);

Беҳтарин мураббӣ – Фирӯза Шукурова (Мактаби варзишии махсуси футбол, чавгонбозӣ ва аспсавории вилояти Суғд);

Лигаи бонувон

Беҳтарин бозингар – Меҳрангез Шарипова (“Хатлон”);

Беҳтарин мураббӣ – Қурбонгул Қурбонова (“Хатлон”);

Беҳтаринҳои собиқадорон

Беҳтарин бозингар – Сайҳомид Амиршоев («Пойтахт»);

Беҳтарин мураббӣ – Шоҳин Салимов («Равшан»);

Лигаи аввал

Беҳтарин мураббӣ – Зайниддин Раҳимов («Локомотив-Помир»);

Беҳтарин бозингар – Тоҳир Маладӯстов («Барқчӣ»);

Ҳайати ҷавонони Лигаи олӣ

Беҳтарин мураббӣ – Камолҷон Ортиқов («Хатлон»);

Беҳтарин бозингар – Диловаршо Ғаниев («Регар-ТадАЗ»);

Лигаи олӣ

Беҳтарин дарвозабон – Рустам Ятимов («Истиқлол»);

Беҳтарин ҳимоятгар – Давронҷон Эргашев («Хуҷанд»);

Беҳтарин нимҳимоятгар – Эҳсони Панҷшанбе («Истиқлол»);

Беҳтарин ҳамлагар – Шериддин Бобоев («Истиқлол»);

Беҳтарин довар – Насрулло Кабиров (Норак);

Беҳтарин мураббӣ – Виталий Левченко («Хуҷанд»);

Беҳтарин бозингари сол – Алишер Ҷалилов («Истиқлол»).

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here