Барои аввалин бор дар шаҳри Панҷакент Фестивали «Оши палав» баргузор гардид. Дар Фестивал 12 дег палав гузошта шуд. 12 нафар ошпазҳои шаҳру деҳоти Панҷакент ҳунари ошпазии хешро ба намоиш гузоштанд.

Дар Фестивал меҳмонони дохиливу хориҷӣ, ҳамчунин, аз бахшҳои англисиву форсии шабакаи ВВС, расонаҳои давлативу мустақил ширкат доштанд.

Ҳайати ҳакамон пас аз тановулу санҷиши оши палав дар ду номинатсия: ошпазҳои ҷавон ва оши палави беҳтарин ғолибонро муайян намуданд. Дар номинатсияи ошпазҳои ҷавон Обид Холов ҷои 1-ум, Манучеҳр Солиев ҷои 2-юм, Юсуф Ибрагимов ҷои 3-юмро соҳиб шуданд.

Дар номинатсияи оши палави беҳтарин ҷои аввал насиби Меликов Шариф, ҷои 2-юм насиби Бердиёров Исматулло ва ҷои 3-юм насиби Ҳомидов Қаҳҳор гардид.

Ғолибонро раиси шаҳр Ислом Зиёзода бо мукофотпулӣ ва ифтихорномаҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент сарфароз гардонд.

Ҳамчунин, ба дигар ширкатдорони Фестивал тӯхфаҳои хотиравӣ тақдим гардиданд.

Хуршед Фозилов

Добавить комментарий