Кумитаи рушди сайҳӣ хабар медиҳад, ки аз 11 то 14-уми октябри соли равон дар шаҳри Душанбе Фестивали байналмилалии «Чакан» доир мегардад.

Гуфта мешавад, ки ин Фестивал бо ташаббуси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон таҳти сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ гузаронида мешавад.

Дар доираи фестивал суҳбату  вохӯриҳо бо иштироки ҳунармандони кишвар доир мегардад.

Рӯзҳои 13-14 октябр аз соати 10:00 то 18:00  дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» намоишу фурӯши маҳсулоти дастии ҳунармандон ташкил карда мешаванд.

Дар Фестивал зиёда аз 100 нафар ҳунарманд аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ва чанд кишвари хориҷӣ ширкат мекунанд.

Дар ин рӯзҳо шаҳрвандону меҳмонон ва сайёҳон имкони харидории маҳсули дасти ҳунармандони дохилию хориҷиро доранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here