Дар Фаронса бо гузашти 30 сол хонуме бори аввал шашгоник таваллуд кард. Панҷ нафари онҳо духтар ва якеашон писар мебошад. Дар ин хусус Агентии иттилоотии Аларабия хабар додааст.

Кӯдакон ҳоло дар таваллудхонаи Страсбург қарор доранд. Вазни навзодҳоро табибон аз 630 то 730 грам гуфтаанд.

Волидони ин кӯдакон қаблан соҳиби ду кӯдаки дигар гардида будаанд. Вақти таввалуди кӯдакон 30 мутахассис ҷалб шудааст. Феълан кӯдакон дар шӯъбаи эҳё қарор доранд. Табибон гуфтаанд, ки тифлакон чанд моҳ дар беморхона мехобанд.

Гуфта мешавад, ки охирон маротиба соли 1990 чунин ҳолат дар Пориси Фаронса ба амал омада буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here