Моҳи ноябри соли равон таҳти унвони «Тоҷикистон — мамлакати дарёҳои тиллоӣ» дар осорхонаи Гимеи шаҳри Париж — пойтахти давлати Фаронса намоишгоҳ баргузор хоҳад шуд, ки он ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи бештари хориҷиён ба сарватҳои археологии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Дар ин бора шоми рӯзи гузашта, 18-уми апрел, котиби давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Фаронса Жан Батист Лемуан дар нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Ҷаноби Батист Лемуан гуфт, баргузории намоишгоҳ ба доираи васеи мардуми Фаронса ва хориҷиёни зиёди дигар имконият медиҳад, то барои худ мероси бебаҳои археологии кишвари Тоҷикистонро кушоянд.

— Намоишгоҳи мазкур  сабаб мешавад, то риштаҳои ҳамкориҳои солиёни зиёд доштаамонро дар соҳаи археологӣ бо кишвари офтобии Тоҷикистон мустаҳкамтар гардонем. Ҳамчунин, соли 2019 аз ҳамкориҳои дипломатии миёни Тоҷикистону Фаронса 27 сол сипарӣ мегардад. Чанд сол қабл мо ба таъмири қитъаи хати парвозу фурудоӣ ва сохтмони терминали фурудгоҳи шаҳри Душанбе иқдом кардем. Имрӯз ман ба мақомоти тоҷик манораи муназзамиро, ки сохтмонашро имсол ба итмом расонидем, супоридам, — иброз дошт Жан Батист Лемуан.

Номбурда гуфт, дар доираи сафар ба Тоҷикистон бо вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин вохӯрдааст ва ҳамчунин, роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ бо ӯ ва намояндагони ширкатҳои фаронсавӣ, ки ӯро ба Тоҷикистон ҳамроҳӣ кардаанд, мулоқоти судманд анҷом додаанд.

Ҷаноби Жан Батист Лемуан аз вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори қаноатмандӣ карда, аз номи президенти Фаронса Эммануел Макрон барои иштирок дар намоишгоҳи мазкур дар бораи Тоҷикистон даъватнома супоридааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here