Рӯзноманигори шинохтаи тоҷики муқими Узбекистон Мирасрори Фарғонӣ (Мирасрор Аҳроров) хабарнигори ҳафтаномаи «Фараж» дар ин кишвар таъйин гардид.

Тасмими «Фараж» пас аз он гирифта шуд, ки Иттифоқи журналистони Тоҷикистон сабти номи дубора ва ба узвият пазируфтани журналистони тоҷикзабони кишварҳои дигарро оғоз кардааст. Мирасрори Фарғонӣ аз аввалин хабарнигоронест, ки номашро дубора дар Иттифоқи мазкур сабт кардааст. Ҳамчунин, 23 хабарнигори дигари ин кишвар низ интизори сабти номашон дар Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ҳастанд.

Масъулон мегӯянд, тасмим доранд, дар ИЖТ бахши байналмилалӣ таъсис диҳанд ва аз ҳамтоёни худ дар Узбекистон низ хоҳиш кардаанд, хабарнигорони узбекзабони Тоҷикистонро ба узвият бипазиранд.

Добавить комментарий