Фардо, 10 октябр,  соати 12:30 бо вақти Душанбе, дастаи мунтахаби наврасони футболбози Тоҷикистон бо медалҳои нуқраи Чемпионати Осиё-2018 ба Ватан бармегардад. Ин футболбозони 16-сола дар ЧО-2018 то ба финал расиданд ва дар ин давр аз Ҷопон бо ҳисоби камтарини 1:0 мағлуб шуданд.

Федератсияи футболи мамлакат иттилоъ медиҳад, ки барои арзанда пешвоз гирифтани футболбозони наврас, ки таърихи футболи Ватанро бо бозии зебою диданӣ дар Чемпионати Осиё хотирмон карданд, нақшаи тадбирҳои мутантани пешвозгирӣ роҳандозӣ шудааст.

Дар назар аст, ки истиқболи футболбозон дар назди бинои нави фурудгоҳ бо ҳузури президенти Федератсияи футболи мамлакат, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба амал пайваста, нишасти матбуотӣ бо расонаҳои хабарӣ баргузор гардад. Дар нишаст сармураббии даста Зайниддин Раҳимов ва капитани даста Эмомалӣ Аҳмадхон ба саволҳои хабарнигорон ҷавоб мегӯянд.

Баъди анҷоми пешвозгирӣ дар фурудгоҳ дастаи мунтахаби наврасон барои гузоштани гулчанбар ба пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ ба майдони Дӯстӣ меояд.

Дар идомаи чорабиниҳо дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе консерти идона бо иштироки сарояндагони машҳури кишвар ва беш аз 15 000 тамошобгар бо ҳузури футболбозони наврас сурат мегирад.

Барои истиқболи самимии футболбозони навраси мамлакат, ки қаҳрамонона дар муқобили дастаҳои пурқуввати Осиё, мисли Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ баробар бозӣ карда, табъи моро болида гардониданд,  ҳама мухлисону  рӯзноманигорон даъват карда мешаванд.

Дар зимн, дирӯз президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустам Эмомалӣ ба даста барои иштироки фаъолона дар Чемпионати Осиё-2018 арзи сипос кард, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад: “Ба тими наврасони Тоҷикистон барои натиҷаи беҳтаринашон, ки дар Чемпионати Осиё-2018 дар Малайзия нишон доданд, изҳори сипос менамоям. Бачаҳои мо бозии олӣ нишон доданд ва барандаи медалҳои нуқра шуданд! … Дар замони баргузории чемпионат дастаро миллионҳо нафар дар Тоҷикистон дӯст дошт, ки ин аз ҳама муҳим аст. Ташаккури зиёд ба ситоди мураббиён бо роҳбарии Зайниддин Раҳимов барои кори арзандаашон”.

Добавить комментарий