Аввалин пойгоҳи интернетии тоҷикӣ вобаста ба далелсанҷӣ ба нашри натиҷаи тафтишот оғоз кард. Factcheck.tj пойгоҳи интернетиест, ки акнун ба таври ҷиддӣ ба санҷиши далелҳо ва дурустии санаду арқоми хабару матолиб дар фозои иттилоотии Тоҷикистон машғул хоҳад шуд.

Сомонаи Factcheck.tj, ки тоза ба кори худ шурӯъ кардааст, имкон медиҳад ҳар журналисте, ки ба таҳқиқот ва тафтиши хабару иттилоот машғул аст, маводҳои худро бо ҳимояи ҳуқуқи муаллифӣ барои нашр пешкаш намояд. Айни ҳол маводҳои сомона бо забони тоҷикӣ ва русӣ нашр шуда, барои ҳар мавод идрорпулӣ муқаррар шудааст.

Рустам Гулов — яке аз муассисон ва корманди бахши техникии сомона дар сӯҳбат бо мо таъсиси чунин пойгоҳро дар фазои интернетии тоҷикӣ, ки нашри хабару иттилои бофта ва бардурӯғ зиёд ба назар мерасад, айни муддао хонд.  Ӯ аз ҷумла иброз дошт: «Ҳадафи ин сомона/лоиҳа чун дигар лоиҳаҳои далелсанҷӣ — тозатар кардани фазои иттилоотии кишвар аз иттилооти дурӯғ аст. Инчунин мо умед дорем, сомонаро ба як платформаи мусоид барои нашри маводҳои далелсанҷӣ мубаддал сохта, хабарнигорони далелсанҷро муттаҳид ва ба рӯшди ин ҷода ҳамчун жанри мустаъқил ё ақаллан қисмате аз таҳқиқотҳои журналистӣ дар кишвар мусоидат намоем. Ва бо ин роҳ ба рушди касбии журналистон, пешгирӣ аз пропаганда, ҳифзи фазои иттилоотӣ ва майнаи хонандагон аз ҳар гуна популизм ва дасткорӣ (манипуляция) саҳмгузор бошем».

Фактчек, ки аслан абзори нав ва нисбатан серталабот дар олами журналистика дониста машавад, бори аввал дар ИМА ва Бритониёи Кабир барои муқовимат ба паҳни хабарҳои бофта дар ҷанги иттилоотӣ роҳандозӣ гардидааст. Дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ чунин пойгоҳ дар Гурҷистон, Украина (bez-brehni.com), Қазоқистон (Factcheсk.kz) ва чанде аз кишварҳои дигар аллакай вуҷуд дорад. Вале собиқадорони касби рӯзноманигорӣ дар Тоҷикистон мегӯянд ин абзор чандон нав нест ва дар гузашта низ ба таври васеъ аз он истифода мешуд. Аз ҷумла, журналисти тоҷик Нуриддин Қаршибоев дар шарҳи хабари пайдоиши ин пойгоҳ (Factchek.tj) дар Facebook навишт: “Далесанҷӣ тренди нав барои онҳоест, ки аз журналистикаи касбӣ огоҳ нестанд, зеро сареҳияти ахбор асли рӯзноманигорист. Далесанҷӣ — алифбои рӯзноманигорӣ аст. Ин абзор барои баланд бардоштани сифати маводҳои тадқиқотӣ муҳим буда, ҷавобгӯи усули фундаменталии журнализм мебошад. Далелҳоро пеш аз интишор санчидан лозим аст, на баъди тавзеҳи мавод! Фарқи журналистикаи касбӣ аз медиаи нав ва шабакаи иҷтимоӣ, ё ба истилоҳ “журналистикаи шаҳрвандӣ” дар ҳамин аст.

Дар ҳамин ҳол, баъзе аз мутахассисони дигари соҳа мегӯянд, пайдоиши Фактчек ҳамчун абзори нав дар журналистикаи тоҷик дар шакли кунунӣ, ки бо истифода аз дастгоҳҳо ва усулҳои муосир анҷом дода мешавад, метавон гуфт чизи нав аст. Ҳарчанд дар гузашта низ тафтиши далелу санад бо роҳҳои анъанавӣ сурат мегирифт.

Ба гуфтаи мутахасиси дигари соҳаи ВАО Иззатманд Саломаво байни далелсанҷӣ (фактчекинг) ва таъиди иттилоот (верификатсия) фарқияти ҷиддие мавҷуд аст, ҳарчанд абзорҳои техникие, ки истифода мешаванд, метавонанд шабоҳат дошта бошанд. Масалан, маводи фактчек хусусияти навгонӣ дорад, яъне он ҳама вақт баъди паҳн гаштани иттилоот анҷом дода шуда хабари нав мсозад, ҳоло он ки таъиди иттилоот (верификатсия) ба таври ҳатмӣ пеш аз нашри мавод анҷом дода мешавад.  Фактчек танҳо аз ҷониби журналисти касбӣ барои омма, вале верификатсия кори ҳатмиест, ки ҳар нафар пеш аз паҳн гаштани иттилоот барои тасдиқи он анҷом медиҳад.

Пайдоиши фактчек дар Тоҷикистон нав набошад ҳам, таваҷҷӯҳ ба он дар соли ҷорӣ бештар ба назар мерасад. Ҳамин аст, ки аз ҷониби созмонҳои журналистӣ ва ташкилотҳои гуногуни ҷамъиятӣ силсила дарсҳои омӯзишӣ ва тренингу чорабиниҳои махсус оид ба фактчек ташкил ва гузаронида мешавад. Мақсад аз ин омӯзишҳо омода ва муаррифии далелсанҷонест, ки бевосита ба ин абзор сару кор хоҳанд гирифт. Дар ҳамин росто, моҳи июни соли равон аввалин дастурамал барои таҳияи маводи Фактчек бо тарҷумаи тоҷикӣ бо маблағгузории институти “ҷомеаи кушод”- Бунёди мадад дар Тоҷикистон аз чоп баромад. Дастурамали мазкур, ки аз ҷониби мутахассиси украинӣ Александр Гороховский таҳия шудааст, акнун дар тарҷумаи Иззатманд Саломов ва зери таҳрири Хилватшоҳи Маҳмуд ба рӯйхати дастурҳои методии рӯзноманигорӣ ҳамроҳ гардид. Зимнан, корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабарнигорону кормандони ВАО аз пайдоиши ин пойгоҳ изҳори хушҳолӣ ва аз муассиони он миннатдорӣ намуданд.

Добавить комментарий