Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба кишвари Ҷопон вориди шаҳри Хиросима шуд, ки ӯро дар фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Хиросима намояндагони воломақоми ҳукумати шаҳри Хиросима истиқбол гирифтанд.

Дар шаҳри Хиросима Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми баланд ва самимӣ ба таъриху тамаддуни мардуми Ҷопон дар “Боғи ёдбуди сулҳ” дар зери Муҷассамаи ёдбуди қурбониёни бомбаи ҳастаӣ гулчанбар гузоштанд.

Сафари расмии Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хиросима оғоз гардида, дар шаҳрҳои Киото ва Токиои Ҷопон идома меёбад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here