7-уми сентябр миёни Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркия Раҷаб Тайиб Эрдоған суҳбати телефонӣ сурат гирифт, ки сарони ду кишвар дар баробари баррасии масъалаҳои байналмилалӣ аз ваъзи мусулмонони Миянмар изҳори нигаронӣ карданд. Дар ин бора сомонаи расмии Президенти Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар ибтидои суҳбат сарони ду давлат таманниёти неки худро ба ҳамдигар ба муносибати таҷлили 25-солагии истиқрори муносибатҳои дипломатии миёни ду кишвари бо ҳам дӯст иброз доштаанд.

Зимни баррасии масъалаҳои байналмилалӣ сарони ду давлат дар робита ба вазъе, ки нисбат ба ҷомеаи мусулмонон дар кишвари Мянма ба амал омадааст, изҳори нигаронии ҷиддӣ кардаанд. Онҳо афзоиши исломбадбиниро дар Мянмар ва ҳамзамон,  ҳамлаҳои мусаллаҳонаи гурӯҳҳои иртиҷоиро  дар Рохина қотеъона маҳкум кардаанд.

Аз ин лиҳоз ҷонибҳо  ҷиҳати ҳалли одилонаи ҳама гуна низоъҳои этникӣ ва мазҳабӣ сирф бар асоси муколамаи мусолиҳатомез изҳори ақида намуда, аз ҷомеаи ҷаҳонӣ даъват ба амал овардаанд, то бо истифода аз воситаҳои муассир пеши роҳи чунин зуҳуроти хатарзо гирифта шавад.

Добавить комментарий