Дар Русия бори аввал никоҳи ду мардро, ки дар кишвари дигар сабт шуда буд, эътироф карданд. Тавре телевизиони «Дожд» хабар медиҳад, ин ҳолат бори аввал сурат мегирад.

Евгений Войтсеховский ва Павел Стотско 4 январ дар Копенҳаген никоҳашонро сабт карда буданд. Баъдан онҳо ҳуҷҷаташонро ба маркази хизматрасониҳои Москва пешниҳод карданд. Дар марказ бидуни пурсуҷӯ ба ҳуҷҷати ақди никоҳи онҳо муҳр гузоштаанд.

«Дожд» хабар медиҳад, дар Русия никоҳҳоеро, ки дар хориҷ баста шудаанд, ба эътибор мегиранд.

Дар Русия сабти никоҳи мард бо мард ва зан бо зан мамнуъ аст. Моҳи декабри соли 2017 калисои православии Русия расман никоҳи ҳамҷинсгароҳоро манъ кард.

Добавить комментарий