Ба назар чунин мерасад, ки қаллобӣ  дар ҷумҳурӣ афзудааст ва ҳам ошкор шудани чунин ҷиноятҳо бештар шудааст. Маркази матуботи ВКД ҶТ аз ошкор шудани чанд ҷинояти қаллобӣ ва дастгир шудани қаллобон хабар дод.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 38-солаи сокини шаҳри Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи ноябри соли 2016 ҳангоми дар шаҳри Толятии Федератсияи Россия қарор доштанаш, бо мақсади тиҷорати меваю сабзавот, бо роҳи фиреб ба боварии соҳибкор, марди 39-солаи сокини ноҳияи Панҷ, даромада, аз ӯ ба маблағи махсусан калон маҳсулотҳои меваю сабзавотро харидорӣ намуда, қисми маблағашро баргардонида, боқимонда маблағи 27000000-рубли Федератсияи Россияро азони худ намудааст.

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 68-солаи сокини ноҳияи И.Сомонӣ муроҷиат намудааст, ки 22-юми августи соли 2006, зани 56-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 22000 доллари амрикоиро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Ҳамин тариқ зани гумонбаршуда рӯзи 22-юми августи соли 2006, бо роҳи фиреб ба боварии марди 67-солаи сокини кӯчаи А.Навоии пойтахт даромада, аз ӯ 23000 доллари амрикоӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

Аз ҷониби кормандони милитсия марди 29-солаи сокини ноҳияи Б.Ғафуров, соҳибкор, бо гумони қаллобӣ дастгир карда шуд. Номбурда, моҳи марти соли 2015 бо роҳи фиреб ба боварии зани 41-солаи сокини шаҳри Хуҷанд даромада, аз ӯ 35000 сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here