Дар ин чанд рӯз дар шимоли Тоҷикистон, махсусан дар шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов, дуздии чорвои мардум ба қайд гирифта шудааст, ки ин ҷиноятҳоро занҳо ва нафарони пештар судшуда анҷом додаанд.

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд бо ариза марди 35-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров муроҷиат кардааст, ки шаби 10 ба 11-уми феврали соли 2019, тахминан соати 02:00, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба нуқтаи шустушӯи автомашинаҳо ба номи “Мойкаи Вокзал”, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, ворид шуда, аз он ҷо 2 ҳазору 700 сомонӣ ва 900 доллари амрикоиро дуздидаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 28-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ки пеш бо моддаи 244, қисми 2-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо ҷурми дуздӣ дастгир карда шудааст.

Ба ШВКД дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ариза марди 58-солаи сокини деҳаи Қурғончаи ноҳияи мазкур муроҷиат намудааст, ки рӯзи 31-уми июли соли 2019, тахминан соати 12:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди хонаи истиқоматиаш 1-сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 10 000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия 2 зани 54 ва 30-солаи сокинони деҳаи Қурғонча бо гумони дуздии чорвои мазкур дастгир карда шудаанд.

Ба ШВКД дар шаҳри Хуҷанд аризаи марди 63-солаи сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ворид гардидааст, ки рӯзи 3-юми августи соли 2019, тахминан соати 21:00, марди 32-солаи сокини шаҳри Панҷакент, ки пеш бо моддаҳои 112 ва 147, қисми 1-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо роҳи пинҳонӣ аз ҳудуди заминҳои боғи фароғатии «Наврӯзгоҳ», воқеъ дар маҳаллаи 31-уми шаҳри Хучанд, 1 сар чорвои калони шохдор, ки арзишаш 6000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидааст.

Добавить комментарий