Вақтҳои охир дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ дуздии маблағҳои пулӣ, телевизор ва дигар ашё аз манзилҳои истиқоматӣ шаҳрвандонро ба ташвиш оварда буд. Ба назар мерасид, ки дузд ҳирфаӣ аст, зеро бо чолокӣ тариқи шикастани дар ва аз болои девор вориди манзили истиқоматӣ шудан, дузди карда аз худ осоре намемонд.

Маҳорат ва малакаи баланди касбии кормандони Шуъбачаи 3-юми Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе буд, ки бо гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ нафари гумонбарро, ки ҳамзамон барои содир кардани ҷинояти дуздӣ дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир карданд.

Ин нафар шаҳрванд, Бекназаров Фаридун, соли таваллудаш 1981, сокини ноҳияи Рӯдакӣ мебошад, ки қаблан 3 маротиба бо ҷурми дуздӣ ба муҳлатҳои гуногун зиндонӣ шуда, дар ҳолати ретсидивии ба ҷомеа хавфнок боз силсиладуздиҳоро дар ҳаҷми махсусан калон содир намудааст.

Чунончӣ, номбурда ба манзили истиқоматии сокини 28-солаи шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ворид гардида, аз он ҷо як қатор лавозимоти сохтмониро, ки 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳанд, дуздидааст.

Бояд тазаккур дод, ки барои ба даст овардани маблағу даромади муфт номбурда аз ҳар роҳу восита истифода бурда, манзилҳои истиқоматии боҳашаматро мавриди ҳадафи ҷиноятии худ қарор додааст. Набудани соҳибхона, шикастани тирезаву кушодани он ва аз болои девор вориди хона шудан аз усулҳоест, ки ҷинояткори моҳир Фаридун Бекназаров барои ба даст овардани пулу моли муфт истифода мебурд.

Баъ аз дастгир шудан аз ҷониби кормандони милитсия як қатор таҷҳизоти рабудашуда, аз ҷумла 5 адад телевизор ҳамчун далели шайъӣ дарёфт шудаанд. Муайян карда шудааст, ин нафари ҷинояткор дар содир намудани 36 ҳолати ҷинояти дуздӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе, шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон зиёда аз 300 ҳазор сомонӣ зарар расонидааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here