Ду нафар дар шаҳри Душанбе ба рӯйи худ ниқоб кашида, бо мақсади дуздӣ ба хонаи шаҳрванд Чекушина ворид шуда, бо воситаи таҷҳизоти «электрошок» таҳдид карда, ӯро ғорат кардаанд.

Соҳибхона пас аз рафтани роҳзанҳо ба милитсия муроҷиат кардааст. Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса муайян карда шуд, ки ду нафар ҷавони ниқобпӯш бо таҷҳизоти электрикии «электрошок» мусаллаҳ гардида, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Чекушина Гулнора Бегматовна, соли таваллудаш 1959, ғайриқонунӣ ворид гардида, шавҳар ва духтарашро зери лату кӯб қарор дода, ҳамзамон бо скотч пойҳояшонро бастаанд.

Зимни амалинамоии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти роҳзании мазкур шаҳрвандон: Садиров Ҳувайдо Ҷаҳонгирович, соли таваллудаш 1983 ва Файзиев Рустам Ғуломалиевич, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи бахши 4-уми Донишгоҳи молия ва иқтисоди Тоҷикистон дастгир шудаанд.

Муайян карда шудааст, ки номбурдагон бо маслиҳати пешакӣ барои ба даст овардани пул, дар рӯй ниқоб пӯшида, бо таҷҳизоти техникии «электрошок» мусаллаҳ шуда, ба манзили истиқоматии шаҳрванд Чекушина Гулнора, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоеви н.Фирдавсӣ ворид гардида, шавҳараш Чекушин Шавкат Кашафович, соли таваллудаш 1955 ва духтараш Чекушина Юлия, соли таваллудаш 1981-ро бо таҷҳизоти техникии «электрошок» ба сару рӯяшон зарба зада, ҳамзамон бо скотч дастҳояшонро бастаанд.

Гумонбаршудагон аз онҷо 1200 сомонӣ пул ва як миқдор ҷавоҳироти камарзишро рабудаанд, ки бо ин амалашон ба ҷабрдидагон дар баробари зарари ҷисмониву маънавӣ расонидан, ба маблағи 1600 сомонӣ зарари пулӣ низ расонидаанд.

Бо дастрасии далелҳои зикргардида, айни ҳол нисбати ҳодисаи мазкур тибқи талаботи моддаи 249 (Роҳзанӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Добавить комментарий