Маркази матбуоти ВКД ҶТ аз чанд дуздии рӯзҳои охир хабар дод, ки аз ҷониби кормандони милитсия гумонбарони ин ҷиноятҳо дастгир карда шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.

Зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғи 15-солаи сокини кӯчаи Нусратулло Махсуми шаҳри Душанбе бо гумони дуздӣ дастгир карда шуд. Номбурда рӯзи 18-уми августи соли ҷорӣ бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматии зани 35-солаи сокини ҳамин кӯча гардида, аз он ҷо ҷавоҳироти тиллоӣ, ки арзиши умумиашон 18000 сомониро ташкил медиҳад, дуздидаааст.

Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 37-солаи сокини ноҳияи Хуросон муроҷиат намудааст, ки рӯзи 20-уми августи соли 2017, тахминан соати 20:20, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ аз дохили таваққуфгоҳи автомашинаҳои ҶСК “ФБ-Душанбе”, воқеъ дар ноҳияи Хуросон 1 адад ҷузвдонашро, ки дар дохилаш шиносномаи хориҷӣ, ҳуҷҷатҳои автомашина ва 100000 рубли русӣ дошт, дуздидаааст. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҷавонписари 18-солаи сокини шаҳри Душанбе ва ду ноболиғи 15-солаи сокини пойтахт ва ноҳияи Рӯдакӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуданд.

Ба ШВКД дар ноҳияи Данғара марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Корези ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки рӯзи 5-уми июни соли 2017, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 2000 сомонӣ ва 1 адад гарданбанди тиллоӣ, ҷамъ ба маблағи 22000 сомониро дуздидааанд. Аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини деҳаи Рахшонзамини ноҳияи мазкур ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.

31-уми июли соли 2017, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе шуда, аз он ҷо 5 ҳазору 600 доллари амрикоӣ ва 16 ҳазору 700 сомониро дуздидаааст. Ҷавондухтари 18-солаи сокини кӯчаи Ҳисори пойтахтро бо гумони ин дуздӣ дастгир карданд.

Тафтиши ҳамаи ин ҳодисаҳо идома дорад. 

Добавить комментарий