Дирӯз дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе дар яке аз манзилҳо дар ошёнаи сеюм сӯхтор ба амал омадааст. Дар ин бора ОИ “АП” дар такя ба аксҳои нашршудаи ҳодиса дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

Дар шарҳи аксҳои ҳодисаи оташсӯзии рӯзи якшанбе дар Зарафшони Душанбе гуфта мешавад, ки сӯхтор як манзилро хароб кард, одамон ба ҷойи бехафв кӯчонида шудаанд, касе осеб надидааст.

Сабабҳои сӯхтор маълум нестанд. Тибқи як пешгӯӣ, сабаби сар задани сӯхтор шояд расиши кӯтоҳ ноқилҳои барқ бошад. Аксҳо гувоҳи онанд, ки чанд дастаи оташнишонӣ барои хомӯш кардани оташ равона карда шудаанд.

Акс аз «АП»

Добавить комментарий