Сокинони кӯчаи Испечак-2, М-16-и ноҳияи Синои пойтахтро чанд моҳ боз бӯи ғализи партовгоҳ дар назди бинояшон нигарон кардааст.

Онҳо дар суҳбат ба «Фараж» гуфтанд, қуттиҳои партове, ки дар наздикии бинояшон гузошта шудаааст, ба маҳаллаи онҳо рабте надорад. Ин қуттиҳои партов аз массивҳои (М) 7,8,9 ва 11-и кӯчаи Испечак-2 будаанд, ки бо сабаби бунёд гардидани иншоот дар ҷои онҳо, қуттиҳоро ба наздикии бинои М-16 кӯчонидаанд. Сокинони маҳаллаи мазкур маҷбуранд ҳар рӯз масофаи беш аз 200-250 метрро тай карда, партовашонро ба ин қуттиҳо партоянд. Дар ҷӯйю кӯчаҳои маҳалла низ ҳар ҷо-ҳар ҷо халтаҳои селофании пур аз партовро мушоҳида кардан мумкин аст. Мусаллам аст, ки сокинон шабона, аз сабаби дурии қуттиҳо халтаҳои пур аз партовро даруни ҷӯйҳо мепартоянд ва ё бо дасти кӯдаконашон равон мекунаду онҳо то партовгоҳ намерасонанд.

Сокинони М-16 мегӯянд, илова бар қуттиҳои партови кӯчонидашуда, дар наздикии маҳаллашон боз ду партовгоҳ мавҷуд аст, ки бӯи ғализаш ҳар замон ба машом мерасад.

Бино ба гуфтаи эшон, дар ин бора борҳо ба роҳбарияти корхонаи манзилию коммуналии маҳалла ва корхонаи партовкашони ноҳияи Сино муроҷиат кардаанд, вале касеро парвое нест.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here