Дар шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино гурӯҳи ҷавонон дастгир шудаанд, ки ба ғорат кардани телефонҳои мобилии шаҳрвандон машғул буданд.

Инҳо шаҳрвандон Ярмуҳаммедов Шаҳром, соли таваллудаш 1999, Сураҷи Сайфулло, соли таваллудаш 1999, Амирҷони Аюбҷон, соли таваллудаш 1997 ва Астанов Акбар, соли таваллудаш 2000-ум мебошанд, ки бо маслиҳати пешакӣ дар чанд маврид телефони мобилии шаҳрвандонро бо роҳи зуроварӣ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд.

Аз ҷумла, санаи 30-юми октябри соли ҷорӣ дар кӯчаи Алишер Навоии пойтахт маслиҳати ғоратгариро тарҳрезӣ намуда, ахиран бо истифода аз зурӣ телефони мобилии шаҳрванд Мансуров Абдулатиф, ки 1100-сомонӣ арзиш дорад, тасарруф намуда, бо фурӯхтани он маблағи пулӣ ба даст овардаанд. Ин гурӯҳи ҷиноятпеша амалу кирдорҳои ҷиноятиро идома дода, бо зери латукӯб қарор додани шаҳрванд Абдуллоқулов Иброҳим телефони мобилияшро гирифтаанд.

Баъди боздошти гумонбарон аз онҳо ду адад телефони мобилии рабудашуда, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шудааст. Айни замон гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 248-Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here