Сокинони маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе дар суҳбат ба «Фараж» бо  нигаронӣ гуфтанд, ки дар ҳудуди МТМУ рақами 95, дар зери девор қубури обгузар кафидааст ва як моҳ боз об фаввора мезанад, вале масъулинро парвое нест. Ба гуфтаи эшон, мактаби мазкур навсохт асту ин ҳолат метавонад боиси садамавӣ шудани деворҳо гардад.

Ҳақиқат доштани суханони сокинонро, пас аз дидани ин макон дарёфтем. Аз зери девори даромадгоҳи мактаб об фаввора зада мебаромаду аллакай таъсири он ба роҳрав ва роҳи калони аз шафати мактаб гузаранда расидааст.

Директори мактаби мазкур Солеҳов Исматулло гуфт, вобаста ба ҳолат ба Корхонаи обу корези шаҳри Душанбе як маротиба хаттӣ ва чанд бори дигар  телефонӣ муроҷиат кардаанд, вале то ҳануз чорае дида нашудааст.

— Рӯзи 17-уми июн мудири хоҷагии мактаб ба шуъбаи умумии Корхонаи обу корез мактуби расмӣ супорид. Гуфтанд, мактубро баррасӣ ва садамаро ҳатман бартараф мекунанд, вале бо гузаштани 15 рӯз ягон нафар пайдо нашуд. Чанд бори дигар ба ин ниҳод телефонӣ ҳам муроҷиат кардем. Мегӯянд, намояндагонашонро мефиристаанд, аммо касе намеояд. Роҳбари идораи хоҷагию манзили минтақа ҳам телефон кард, лекин бенатиҷа, — гуфт директори МТМУ рақами 95 Солеҳов Исматулло.

Ин дар ҳолест, ки масъулини КВД «Обу корези шаҳри Душанбе» мегӯянд, ягон мактуби расмиро бе баррасӣ намегузоранд. Муовини директори КВД «Обу корези шари Душанбе» Фирдавс Ҷабборзода имрӯз, 2-юми июл, дар суҳбат ба «Фараж» гуфт, баррасии ҳама гуна мактубҳои шаҳрвандон аз 15 то 20 рӯз муҳлат дорад.

— Ин ба истиснои мактубҳоест, ки ҷавоби фаврӣ мехоҳанд. Баррасии чунин мактубҳо то 3 рӯзро дарбар мегиранд, — гуфт Ҷабборзода.

Сокинони маҳаллаи мазкур  мегӯянд, тавони дар нуқтаҳои қолиншӯӣ шустани қолину палосашонро надоранд. Эшон аз он изҳори норизоят мекунанд, ки чун мехоҳанд дар назди бинояшон қолину палос шӯянд, намояндагони «Водоканал» меоянду онҳоро ҷарима мебанданд, аммо вақте об беҳуда исроф мешавад ва ҳатто ба бинои маъмурӣ зарар мерасонад, масъулини ин ниҳод бепарвоянд.

Добавить комментарий