7 ва 8-уми  декабри соли ҷорӣ намоиши зимистонаи Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе баргузор мегардад. Дар назар аст, ки бо ҷалби шӯъбаи сайёҳӣ ва туризм  намояндагони  сафоратхонаҳо, сайёҳони  феълан дар Тоҷикистон қарордошта ба сифати меҳмон ширкат варзанд.   

Тавре директори тозаинтихоби Иттифоқи ҳунармандони Тоҷикистон Сафарбек Ҷобиров гуфт, аз тамоми манотиқи Тоҷикистон зиёда аз 112 нфар ҳунарманд даъват шудаанд, ки маҳсули дасти онҳо, аз қабили гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, зардеворӣ, кор бо лой, табақтарошӣ, кундал, кандакорӣ, мӯҳраброфӣ, мусаввирӣ ва ғайра  ба тамошо гузошта мешавад.

— Кумитаи сайҳёӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ гурӯҳе ташкил кардааст, ки барои интихоби маҳсулоти беҳтарин  мусоидат мекунад ва ҳадаф аз ташкили  чорабинӣ баланд бардоштани сифати кори ҳунармандон ва муаррифии маҳсулоти онҳо дар сатҳи байналмилалӣ  маҳсуб меёбад, — гуфт Сафарбек Ҷобиров.

Файзуллохон Обидов

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here