Тайи ду соли охир дар назди биноҳои истиқоматии шаҳри Душанбе баҳри истироҳати сокинон майдончаҳои варзишиву фароғатии зиёде бунёд гардиааст. Бо гузашти муддати кӯтоҳе ҳолати вайрону хароб ва қутиҳои пур аз партоби баъзе аз ин маконҳоро дида, кас ангушти ҳайрат мегазад.

Майдончаи варзишии назди маҳаллаи Зарафшон-19-и ноҳияи Синои пойтахт, зоҳиран чунон менамояд, ки ба наздикӣ бунёд ёфтааст. Барои фароғати кӯдакон дар ин макон ҳайкалчаҳои қаҳрамони филмҳои тасвирӣ насб гардидаанд, лекин имрӯз аз зебогии ин ҳайкалчаҳо асаре намондааст. Якеро даст несту дигареро сару пой.

Ҳисобкунаки барқие, ки дар майдонча насб гардидааст, ноқилҳояш ба ҳар тараф парешон буда, барои кӯдакон хатар эҷод карданаш аз имкон дур нест. Чи гуна дар ин макон ба фароғат машғул шудани сокинон низ шахсро ба андеша водор мекунад, зеро бӯйи ғализи партовҳои шафати майдонча аз масофаи дур ҳам ба димоғ мерасад .

Аз суҳбат бо як сокини ин маҳалла маълум гардид, ки барои нигоҳбини майдончаи мазкур касе масъул нест. Ин шахс иброз дошт, ки баъзе аз истиқоматкунандагон дар ҳар 15-20 рӯз як маротиба ин маконро рӯбучин мекунанду халос.

Маҳкамзода Маҳкам

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here