Шаҳрдории Душанбе чанд рӯзи охир, бо мақсади ҷилавгирӣ аз баландшавии арзиши маҳсулоти ниёзи аввал дар фурӯшгоҳҳои пойтахт, ярмаркаҳо ташкил кардааст. Арзиши маҳсулоти ярмаркаҳо дар фарқ ба нархи масулоти дохили бозор арзонтар аст.

Аммо дар фурӯши маҳсулоти ярмаркаҳои мазкур маҳдудиятҳо ҳаст. Паҳншавии коронавирус дар ҷаҳон ва ҳамсоякишварҳои Тоҷикистон, қатъи хуруҷу вуруди шаҳрвандон, маҳдудият дар интиқоли воридоти баъзе маҳсулот, сокинонро ба воҳимаву захиракунии маҳсулот водор кардааст. Сокинони пойтахт ва навоҳии атроф, қаблан дар хариди орд бетартибӣ карда, аз тарси гароншавии арзиши он ба бозорҳо баромада, 3-4 то 6 халта ордро захира карданд. Ҳамакнун, дар ин шабу рӯз картошка, яке аз маҳсулоти ниёзи аввалин дар фурӯшгоҳҳои Душанбе ба таври бесобиқа баланд шуд.

Шоми 19-уми апрел як корбари шабакаи иҷтимоӣ аз бозори яклухтфурӯши  “Вориси Сомон”-и шаҳри Душанбе, наворе ба шабакаи Ютюб гузошт, ки дар он корбар бо фурӯшандаҳо атрофи гароншавии нархи картошка суҳбат мекард. Аз навори мазкур хуб мушоҳида мегардид, ки арзиши як килограмм картошкаро, фурӯшандаҳо аз 7,5 то 8 сомонӣ мегуфтанд. Сабаби гароншавии картошкаро онҳо ба манъи воридоти ин маҳсулот аз хориҷ марбут донистанд.

Гароншавии арзиши картошкка дар ин бозор дар ҳоле аст, ки маъмурияти бозори “Вориси Сомон” дар як сӯҳбате бо Faraj.tj, охирҳои моҳи феврал гуфта буданд, ки барои нигоҳ доштани мувозинати нархи картошка, аз Покистон ба бозор 600 тонна картошка ворид гардидааст.

Рӯзи 19-уми апрел арзонии маҳсулот  дар ярмаркаи назди КВД “Бозори Саховат” ба мушоҳда мерасид. Гӯшт дар ярмаркаи мазкур 48 сомонӣ, картошка 4 сомонӣ, пиёз 3 сомонӣ ва шаркар 6,5 сомонӣ буд.

Дар ярмаркаи назди бозори “Сафариён” низ то андозае маҳсулот арзон ба фурӯш гузошта шуда буд, вале маҳсулоти он, то соати 10-и субҳи 19-уми апрел ба итмом расид. Бо хотимаёбии ярмарка арзиши маҳсулот  мисли аввала, орд 245 сомонӣ, картошка 8 сомонӣ шуд.

Як сокини ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар суҳбати Faraj.tj гуфт, ки орди дар ярмарка 200 сомонӣ ба фурӯшгузошташударо, соҳибкоре пас аз анҷоми ярмарка дар назди биноҳои истиқоматӣ бо арзиши 240 сомонӣ ба фурӯш мегузошт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here