Аз 23 то 25-уми сентябр дар маҳаллаҳои гуногуни  шаҳри Душанбе интиқоли оби нӯшокӣ муваққатан қатъ карда мешавад. Дар ин бора аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи раиси шаҳри Душанбе хабар доданд.

Тибқи қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ, дар ин рӯзҳо интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳҳои обтаъминкунии «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон» муваққатан қатъ карда мешавад.

Мақсад аз ин иқдом гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ва иҷрои қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2019-2020» гуфта мешавад.

Ҳамин тавр, аз соати 23:00-и  23-юми сентябр то  соати 24:00-и 24-уми сентябр дар маҳаллаҳои 43, 62, 64, 65, Сомон, Равшангарони кӯчаҳои Ҷомӣ, Борбад ва Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ  интиқоли оби нӯшокӣ қатъ мегардад.

Дар ин муддат интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, Арбобхутун, Чортеппа, 32, 33, 53, 54, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Пайрав Сулаймонӣ, Тургенев, Камонгарон,  Раҳмон Набиев, Ханжин, Гипрозем, Балъамӣ, Ҷомӣ, Борбад, Хуҷандӣ, ва шаҳраки Севастополи ноҳияи Сино муваққатан қатъ карда мешавад.

Ин маҳдудият аз соати 23:00-и 24-уми сентябр то соати 24:00-и 25-уми сентябр дар маҳаллаҳои Гулбутта, Равшангарон, Ҳосилот, Алачабов, Ором, Шодиёна, Маърифат, Крупская-1, 2, 61, 63, 64, 65-и кӯчаҳои Неъмат Қарабоев, Сабо, Қаҳҳоров, Миралӣ Маҳмадалиев ва Наҷмиддин Абдуллоеви ноҳияи Фирдавсӣ ҷорӣ карда мешавад.

Дар ҳамин муддат интиқоли оби нӯшокӣ ба кӯчаҳои Моёншоҳ Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1, 2, Камоли Хуҷандӣ, Теппаҳои шарқӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Миралӣ Маҳмадалиев, Карин Манн, Зафар, Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Улуғбек, Убайди Зоконӣ, Абдуқодирхоҷаи Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур қатъ карда мешавад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз сокинони  маҳаллаю кӯчаҳои зикргардида хоҳиш кардааст, ки миқдори зарурии оби нӯшокиро тибқи ҷадвал барои як шабонарӯз захира кунанд.

Ба раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» супориш дода шудааст, ки дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкаш сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин кунанд.

Рустами Эмомалӣ Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанберо вазифадор намудааст, ки дар ин муддат ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботи санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here