«Фараж» ду моҳ қабл аз қитъаҳои замини ноободи роҳрави назди ошхонаҳои «Сафо», «Наврӯз», «Сомониён» ва «Фазлиддин»-и маҳаллаи бозори «Саховат», ки бояд гулу сабзазор бошанд ва ҳоли зори ниҳолакони арчаи ин макон гузориш таҳия карда буд.

Пас аз ин, масъулини ошхонаҳои зикршуда даст ба кор шуданду ҳар кадоме атрофи қитъаҳои замини назди коргоҳашонро бо таноб маҳкам карда, гул шинониданд, аммо қисмате, ки дар акс мебинед, бесоҳиб монд. Аз бепарвоии масъулин ва бесоҳибӣ истифода карда, обфурӯше ин қитъаи заминро, ки бояд гулзор бошаду маҳалро зеб диҳад, ба алафзори бадбӯй табдил додааст. Аввалан, таҷҳизоти обфурӯшӣ байни роҳ асту дар сурати ҷамъ шудани се-чор нафар ба рафтуомади дигарон халал эҷод мешавад. Баъдан, он дар ҳолати ғайрисанитарӣ қарор дорад. Пас аз шустани зарф об на ба ҷӯйбор, балки ба замин мерезад, ки дар натиҷа ин макон ба ботлоқи бадбӯй табдил ёфтааст. Боиси таассуф аст, ки касеро аз ниҳодҳои марбута парвое нест.

Масъулини ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар суҳбат ба «Фараж» гуфтанд, масъулияти нигоҳдорӣ ва обод кардани чунин маконҳо ба зиммаи онҳост ва борҳо ин қитъаҳоро ободу гулзор кардаанд, вале савдогарони кӯчагӣ меҳнаташонро қадр намекунанд ва дар ҳар куҷо, ки рост омад, ба савдо машғул мешаванд. «Бояд нозирони минтақавӣ назорат кунанд ва нагузоранд, ки чунин бетартибӣ рух диҳад», — мегӯянд онҳо.

Воқеан, чаро нозирони минтақавӣ ин ҳолатро намебинанд? Дар пушти обфурӯш кист, ки касе пишакашро «пишт» гуфта наметавонад?

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here