11-и март дар театри Лоҳутӣ дар шаҳри Душанбе 107-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик ҷашн гирифта шуд.  Дар ҷамъомад журналистони соҳибкасб, устодону донишҷӯёни донишкадаву риштаҳои рӯзноманигорӣ ва меҳмонон иштирок карданд.

Ҷамъомад аз табрикот шурӯъ шуд. Ёвари президент Абдуҷаббор Раҳмонзода, вазири фарҳанги ҶТ Шамсиддин Орумбекзода, раиси ИЖТ  Зинатулло Исмоилзода ҳозиринро бо ид муборакбод намуданд. Раҳмонзода дар сухани табрикотиаш аз  ҷумла  изҳор намуд ки  «… соли дигар ин рӯзи фархундаро мо дар ҷойи дигар дар фазои дигар мегузаронем. Ҳамаи шакли онро тағйир дода ин ҷашнро зеботару хубтар мекунем…». Ӯ аз гуфтаи президент Эмомалӣ Раҳмон чунин иқтибос ҳам кард: «Рӯзи матбуот ин танҳо ҷашни журналистон нест, балки ин ҷашни умумимиллӣ мебошад».

Тӯҳфаҳо ва ҷоизаҳоро ба довталабон Абудаҷаббор Раҳмонзода ва Шамсиддин Орумбекзода тақдим карданд.

Аз ҷумла, Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон соҳиби чор ҷоиза гардид. Ёдовар мешавем, ки дар шаҳри Панҷакент, дар вилояти Хатлон ва шаҳри Хуҷанд низ хабарнигорони расонаҳои Марказ бо ҷойизаҳои гуногун сазовор гардиданд.

Гулрӯи Сӯҳроб

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here