Вазъи ҳарбию сиёсии минтақаи Осиёи Марказии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъиро (СААД) дар як ҷаласаи сайёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД  ва Комиссияи доимии СААД оид ба мудофиа ва амният дар Душанбе баррасӣ хоҳад шуд.

Аз маркази матбуоти МН ба “Фараж” гуфтанд, ҷаласа рӯзҳои 28-29-уми октябр баргузор мегардад ва раиси ҷаласаи ҳамоҳангсоз, раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба мудофиа Владимир ШАМАНОВ ва раиси комиссия, узви Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Ассамблеяи Федералии Россия оид ба амният ва мубориза бо коррупсия Анатолиӣ Виборний ба он сарварӣ хоҳанд кард.

Иштирокчиёни ҷаласа вакилони парлумон гузориши муовини Дабири кулли СААД Питер Тихоновскиро «Дар бораи вазъ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбӣ-иқтисодӣ (техникӣ) дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ» мешунаванд. Александр ВИНИДИКТОВ, намояндаи котиботи СААД дар Ассамблеяи парлумонии СААД, дар бораи пешрафти тасвиби аҳдномаҳои байналмилалӣ, ки дар доираи Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ имзо шудааст, маълумот хоҳад дод.

Дар ҷаласа инчунин, намояндаи гурӯҳи корӣ оид ба Афғонистон дар назди Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СААД дар бораи фаъолияти ташкилоти байналмилалии террористии «Давлати исломӣ» ва дигар ташкилотҳои террористӣ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва таҳдиди афзояндаи содироти экстремизм ва терроризм ба минтақаи масъулияти СААД маълумот хоҳад дод.

Гуфта мешавад, ҳамчунин, дар рӯзномаи ҷаласаи сайёр парлумонҳо лоиҳаҳои зеринро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд:

— Тавсияҳо оид ба такмили қонунгузории миллии давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи фаъолияти қувваҳои посдори сулҳ;

— тавсияҳо оид ба наздик кардани қонунгузории давлатҳои аъзои СААД дар бораи мусодираи амвол ба манфиати мубориза бо коррупсия, маблағгузории терроризм ва дигар ҷиноятҳо;

— номгӯи тавсияҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии шахсон, ҷамъият ва давлат барои давлатҳои аъзои СААД;

— Нақшаи кории Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ барои соли 2020.

Дар ҷараёни ҷаласаи саӣёр мулоқоти иштирокчиёни ҷаласа бо роҳбарияти Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти дивизияи 201- уми Федератсияи Россия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар назар аст.

Иштирокчиёни ҷаласаи саӣёри муштараки ҳамоҳангсозии раисони кумитаҳои мудофиа ва амнияти парлумонҳои давлатҳои аъзои СААД ҳамчунин дар машқҳои ҳарби, ки дар маӣдони таълимии Лоҳур мегузаранд  иштирок менамоянд.

Тоҷикистонро дар ин чорабинии мазкур Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Ҷурахон Маҷидзода муарифи менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here