Президенти Туркманистон Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов пахтакорони кишварашро «дуо» дод, то имсол «дар кори кишоварзӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд».

Ба гуфтаи президент, мавсими ҷамъоварии пахта дар вилоятҳои Ахал, Марӣ, Лебап 30 август ва дар қисмати шимолии кишвар 6 сентябр оғоз мегардад.

Туркманистон ният дорад, соли ҷорӣ 1 миллиону 50 ҳазор тон пахта ҷамъоварӣ намояд. Дар ин кишвар тибқи анъана ҷамъоварии ҳосили кишоварзӣ, аз ҷумла пахта, бо дуои президент шурӯъ мешавад. Ба ин хотир, мақомоти вилоятӣ ҷамъомадҳои тантанавӣ ташкил мекунанд.

Соли ҷорӣ одамонро соати 6-и субҳ гирд оварда, бо автобусҳо ба саҳрои пахта мебаранд.

Расман дар бораи ба пахтачинӣ ҷалб кардани кормандони бахши буҷавӣ фармон содир намешавад, аммо созмонҳои ҳомии ҳуқуқи байналхалқӣ ҳукумати Туркманистонро барои истифодаи меҳнати маҷбурӣ дар мавсими ҷамъоварии ҳосили пахта танқид мекунанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here