Бо мақссади тарбия ва ҷобаҷогузории кадрҳои болаёқат, поквиҷдону забондон, масъулиятшиносу  кордон ва ташкилотчӣ аз ҳисоби занон дар шаҳри Кӯлоб курси омӯзиши “Духтарони сарвар” гузаронида шуд.

Дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бо мақсади иҷрои  қарори раиси вилояти Хатлон  «Оид ба Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занон ва духтарони лаёқатманд барои солҳои  2017-2022», дар ҳамкорӣ бо Раёсати кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон курси омӯзишии «Духтарони сарвар» гузаронида шуд.

Курси омӯзишии «Духтарони сарвар» дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон  бо мақсади фаъол гардонидани занону ҷавондухтарон ва ҳиссагузории бевоситаи онҳо дар бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои занон ҳангоми пешниҳод ва таъйин намудан ба вазифаҳои роҳбарикунанда, интихоби кадрҳои болаёқат аз ҳисоби ҷавондухтарон  баргузор карда мешавад.

Добавить комментарий