Шабакаи телевизионии “Россия сегодня” дар гузорше аз ҳузури як духтари 16- солаи тоҷикистонӣ дар урдугоҳи нигаҳдорӣ аз бозмондагони гурӯҳи ДИИШ дар Ироқ хабар дод, ки сарпарастии панҷ кӯдаки дигарро бар ӯҳда дорад.

Ба гузориши сайти шабакаи телевизионии “ Россия сегодня”, ин духтари 16- солаи тоҷик Оиша ном дорад, ки ба ҳамроҳи ду бародару хоҳари кӯчакаш ва ду фарзанди бозмонда аз як хонаводаи руси узви ДИИШ пас аз кушта шудани волидайнаш дар шаҳри Мавсил ба Бағдод мунтақил шудааст. Ҳоло ӯ дар яке аз урдугоҳҳои бастагони аъзои гурӯҳи террористии ДИИШ таҳти назорати давлати Ироқ нигаҳдорӣ мешавад.

Бар асоси ин гузориш, бо оғози набарди озодсозии Мавсил, Оиша ба ҳамроҳи бародарону хоҳараш ба Талъафар мунтақил шудааст ва дигар аз сарнавишти волидайнаш иттилое надорад.

Вай мегӯяд, ки ба ҳамроҳи хонаводааш аз Тоҷикистон ба Ироқ омадааст ва сарпарастии ин ду кӯдаки рус низ пас аз марги волидайншон бар ӯҳдаи ӯ қарор гирифтааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here