Як хонандаи 13-сола дар ҳавлии ҳукумати ноҳияи Хоҷаободи вилояти Андиҷони Ӯзбекистон дар ҳолати вазнин пайдо шудааст.

Ба гуфтаи шоҳидон, духтар аз ошёнаи сеюми бино худро ба поён афкандааст. Гуфта мешавад, 23-юми ноябр дар ин бино бо ширкати писари яке аз мансабдорони давлатӣ шабнишинӣ мегузаштааст.

«Се мард хонандагони синфи 7-ро ба бино бурданд ва онҷо шабнишинӣ барпо карданд. Яке аз ин духтарон худро аз табақаи сеюм ба поён андохтааст. Духтар урён буд. Ӯро дар бемористон бистарӣ карданд», — гуфтааст як шоҳид.

«Димоғаш шикаста ва чанд ҷароҳати дигар дорад. Ин духтар табобати тӯлониро пушти сар хоҳад кард», — гуфтаанд дар беморхона.

Як корманди ҳукумати ноҳияи Хоҷаобод ҳодисаро муфассал нақл кардааст. Ба гуфтаи ӯ, мардони ҷавон бо се духтари ноболиғ шабнишинӣ барпо карданд. “Посбони бино садои баланди мусиқиро шунида ба назди ҷавонон мебарояд. Духтар ӯро дида, худро аз равзана ба поён партофтааст”, — гуфтааст корманди ҳукумат.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here