Дар Ҳиндустон духтари 10-солаи қурбонии таҷовуз гардида, 17-уми август таваллуд кард. Қаблан Суди олии Ҳиндустон барои исқоти ҳамли ин духтар иҷоза надода буд. Кӯдаки навзод духтарча буда, 2,5 кг вазн дорад.   

Ин ҳодисаи ғайричашмдошт дар шаҳри Чиндигарх, ки дар шимоли Ҳиндустон воқеъ аст, ба вуқӯъ пайвастааст.

Ба қавли сарчашмаҳои расмӣ, модари наврас ва тифли навзод, ки пас аз 35 ҳафта ба дунё омадааст, дар ҳолати хуб қарор доранд.      

Ба қавли манбаъ, духтари даҳсола аз ҳомиладор будани худ бехабар аст. Дар беморхона ба ӯ гуфтаанд, ки барои дарди шикамаш ӯро ҷарроҳӣ мекунанд. Аз ҳомиладор будани духтар моҳе қабл ҳангоми шикоят кардани ӯ аз дарди шикам хабардор шудаанд. ВАО-и Ҳиндустон хабар медиҳад, ки таҷовузгар амаки духтар маҳсуб меёбад, ки айни замон дар маҳбас қарор дорад.     

Добавить комментарий