Дар 11 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 326 номгуй маводи қалбакӣ ва муҳлати истифодаашон гузашта, ба миқдори 1,8 тонна, тариқи сузонидан несту нобуд карда шудааст.

Сухангуии Сараёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон Сайдраҳмон Назриев хабар дод, ки 10 ҳазору 645  адад маводи доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ороишию гигиении муҳлати истфиодаашон гузашта аз муомилот гирифтаву нобуд карда шудаанд.

Ба иттлои ӯ, аз ин шумора 176 номгуй дар асоси аризаҳои муроҷиатии се ширкати фармасевтӣ барои безарар несту нобуд намудан ба Сарраёсати номбурда супорида шудаанд ва 150 номгӯй дар рафти санҷишҳои назорати мутахассисони Сарраёсат аз муомилот гирифта шудаанд.

Дар маҷмуъ аз муомилот 1840 кг маводи  доруворӣ, молҳои тиббӣ ва ороишию гигиенӣ, ё ба маблағи 147 ҳазору  630 сомонӣ гирифта шудаанд.

Бояд зикр  кард, ки  мутахассисони Сарраёсат дар 11 моҳи сипаришуда 856 номгӯй, ё ба миқдори 225 ҳазору  712 адад маводҳои доруворӣ, молҳои тиббӣ ва маводҳои ороишию гигиениро, ки маблағи 593 ҳазору 269 сомониро ташкил медод, аз муомилот  гирифтаанд.

Аз ин 379 номгӯй дар асоси аризаҳои 10 муассисаи фармасевтӣ ва 138 номгӯй аз  беморхонаи дустии Тоҷикистону Ҳиндустон барои несту нобудсозӣ ба Сарраёсат супорида шудааст. Ҳамчунин 349 номгӯй дар рафти санҷишҳои назоратии мутахассисони  Сарраёсат аз  муомилот гирифта шудаанд.

— Дар 11 моҳи соли 2018 аз тарафи мутахассисони Сарраёсати 179 муассисаи фармесевтӣ, 163 муассисаи соҳаи тандурстии вилояти Хатлон ва 164 нуқтаи фурӯши маводи ороишию гигиенӣ, ғизои кӯдакон ва иловагиҳои фаъоли биологӣ аз санҷишҳои назоратӣ гузаронида шуд, — гуфт  сухангуи Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Хатлон.

— Дар натиҷаи гузаронидани санҷишҳо аз тарафи мутахассисон  вобаста ба қонунвайронкуниҳо 3 ҳазору 878  протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  тартиб дода шуадаст, ки дар маҷмӯъ маблағи умумии ҷаримаҳо 683 ҳазору 650 сомониро ташкил медиҳад, — хабар дод Сайдраҳмон Назриев.

Раҳмоналӣ Додарҳуҷаев

Добавить комментарий