Ҳайатҳое аз мақомоти олии Кореи Шимолӣ ва Кореяи Ҷанубӣ барои гуфтугӯ дар бораи масоили минтақавӣ аз пули иртиботии байни ду кишвар гузашта, вориди минтақаи ғайринизомӣ шуданд.

Ба навиштаи хабаргузори «Юнҳоп» мақомоти Пхенян ва Сеул барои аввалин бор пас аз 2 сол музокироти сатҳи болоиро дар бораи масоили дуҷониба ва минтақавӣ оғоз карданд.

Бар ин асос, раҳбари Кореяи Шимолӣ Ким Чун Ин ва президенти Кореяи Ҷанубӣ Мун Ҷэин ин музокиротро аз тариқи конфронси видеоӣ тамошо мекунанд.

Ин музокирот қарор аст бо мавзӯи чигунагии ширкат кардани варзишгарони Кореяи Шимолӣ дар Бозиҳои олимпии замистонӣ дар Кореяи Ҷанубӣ бошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here