Форварди клуби футболи «Истиқлол»-и Душанбе ва дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон Комрон Турсунов барои санҷиш ба як даста аз Нидерланд даъват шудааст.

Дар ин бора клуби футболи «Истиқлол» хабар дода менависад, ки ба Турсунов клуби футболи «Утрехт» (Нидерланд), ки дар дивизиони олии футболи ин кишвар баромад мекунад, мароқ зоҳир кардааст. Имрӯз, 7-уми август, бозигар тариқи Маскав ба Нидерланд меравад ва барои санҷиш ба ҳайати «Утрехт» мепайвандад.

Дастаи «Утрехт» дар мавсими 2018\19 дар Эредивизия – Дивизиони олии Нидерланд ҷойи 6-умро гирифт. Дастоварди муҳими ин даста ҷойи сеюм дар мавсими 1980\81 будааст. Ин даста се бор барандаи Ҷоми Нидерланд ва як маротиба соҳиби Суперҷоми ин кишвар шудааст.

Гуфта мешавад, ки ба Комрон Турсунов дастаи «Русенборг» (Тронхейм, Норвегия) низ даъват пешниҳод кардааст. Ин дастаи серунвони Норвегия Турсуновро барои санҷиши дуҳафтаина ба ҳайати худ даъват кардааст. «Русенбор» 26 маротиба дар чемпионати Норвегия пирӯз шудааст. Ин мавсим ҳам чемпиони Норвегия шуд. Мунтазам дар Лигаи чемпионҳои Аврупо ширкат мекунад.

Добавить комментарий