Чанде аз омӯзгорони Донишкадаи исломии Тоҷикистон бо гумони узвият ба созмони “Ихвон-ул муслимин” (Бародарони мусалмон) аз ҷониби мақомоти қудратӣ бозпурсӣ шудаанд.

Ректори Донишкадаи мазкур Тоҷиддин Асомиддинзода имрӯз, 5-уми феврал, дар нишасти матбуотии Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон хабари мазкурро тасдиқ кард ва гуфт, расман се нафар аз омӯзгорони Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба бозпурсӣ даъват карда шуда буданд.

Асомиддинзода аз муаллимони бозпурсишудаи Донишкада ном набурд, вале гуфт, “онҳо дубора ба ҷои кори худ баргаштанд ва алъон ба кору фаъолият машғуланд”.

Ёдовар мешавем, ки мавҷи боздошти шаҳрвандони кишвар бо гумони узвият ба гуруҳи мамнуи террористию экстремистии “Ихвон-ул муслимин” авоили моҳи январи имсол сурат гирифт ва мувофиқи иттилои расмӣ, миёни онҳо намояндагони мақомоти давлатӣ ва устодону донишҷӯёни донишгоҳҳои олии мамлакат низ ҳастанд.

Ахиран, мақомоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон иттилоъ дод, ки нисбат ба 113 нафар барои ҳамкорӣ ба гуруҳи “Ихвон-ул муслимин” парванда боз кардаанд, ки дар миёнашон ду шаҳрванди хориҷӣ низ ҳаст. Илова бар ин, шахсияти боз ду шаҳрванди дигари хориҷӣ барои даст доштан дар ин ҷиноят муайян карда шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here