Дар ин бора ректори Донишгоҳи агарии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур профессор Салимзода Амонулло Файзулло дар нишасти матбуотӣ, ки 30 январ дар бинои асосии донишгоҳ баргузор гардид, хабар дода иброз дошт, ки дар соли 2018 хамтмкардагони бахши буҷавии донишгоҳ 100 дарсад бо кор таъмин шуданд.

Тибқи гузориши раёсати донишгоҳ тадбирҳои андешидаи садорати факултетҳои донишгоҳ ҷиҳати таъмини хатмкунадагон бо ҷои кор дар соли 2018 имкон дод, ки 596 хатмкунандаро дар ҳудуди 100% бо дархост бо ҷои кор таъмин намоянд. Чунин натиҷа далолат ба он мекунад, ки хатмкунандагони донишгоҳ дар бозори меҳнат талабгорони худро доранд.

Дар нишаст инчунин иброз дошта шуд, ки ҳолатҳои бо сабабҳои гуногун ба ҷои кор ҳозир нашудани хатмкунандагон низ ба чашм мерасанд. Соли 2018 нисбати 11 нафар хатмкардаи собиқи донишгоҳ, ки ба ҷои кор ҳозир нашуданд, ба судҳо муроҷиат карда шуд. Дар натиҷа 3 нафар собиқ хатмкардаи гурӯҳи буҷавӣ маблағи таҳсилро ба хазинаи донишгоҳ баргардониданд.

Дар нишаст инчунин роҷеъ ба фаъолияти яксолаи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон маълумоти муфассал дода шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here