Бибихонум Дарвешзода директори дафтари матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.

Дирӯз 8-уми октябр бо фармони вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон рузноманигор, собиқ котиби масъули нашрияи ҲХДТ «Минбари халқ», собиқ сардори дафтари матбуотии Хадамоти фармасевтии Тоҷикистон Бибихонум Дарвешзода ба вазифаи директори дафтари матбуотии ин ниҳод таъйин гардид.

Бибихонум Дарвешзода дар ин вазифа Фазилат Яфталиеваро иваз кард.

Бибиҷон Ашӯрова

Добавить комментарий