Бо як фармони вижаи роҳбари давлат 8 раиси ноҳияҳои вилояти Хатлон аз вазифаҳояшон барканор шуданд.

Бино ба иттилои расида раиси ноҳияи Кӯшониён Ҷаббори Гаффор ба ҷои раиси ноҳияи Шаҳритус Оймаҳмадзода Рамазон ҳамчун иҷрокунандаи раис таъин шудааст.
Раиси ноҳияи Вахш Шарбатуллои Азизулло бошад, ҳамчун иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Восеъ, ки то ин замон курсии раисии ин ноҳияро Ғаффурзода Мӯсо роҳбарӣ мекард, соҳиб шудааст.
Ба вазифаи раиси ноҳияи Кӯшониён Икромзода Валӣ, ҳамчунин иҷрокунандаи раис таъин гардидааст.

Курсии раиси ноҳияи Вахшро Қурбон Юсуфзода ва курсии раиси ноҳияи Ёвонро бошад, Саидзода Ҷамшед Ҳамроҳ соҳиб гаштаанд.
Кадом вазифаро соҳиб шудани Оймаҳмадзода Рамазон раиси ноҳияи Шаҳритӯс  ва Амирбеки Темур раиси ноҳияи Ёвон то ҳол маълум нест.

Ҳамзамон, раиси ноҳияи Панҷ Сайфидинзода Маҳмадюнус бо фармони роҳбари кишвар аз мансаб барканор шуда, ба ҷои ӯ Шоҳиён Зарифхӯҷа таъин шуд.
Раиси ноҳияи Носири Хусрав Садридинзода Нуриддин низ аз​ мансаб барканор шудааст. Ба ҷои ӯ, Нишонзода Даврон курсии раиси ин ноҳияро банд кардааст.
Ҳамчунин раиси шаҳри Норак Ҳурматзода Фатҳуло низ аз вазифа рафт.
То кунун ин хабар расман эълон нашудааст.

 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here