Субҳи имрӯз дили журналисти варзидаи кишвар Мурод Сотиев аз тапидан бозмонд.

Гуфта мешавад, ки Мурод Сотиеви 56-сола ҳамин чанд соат пеш бар асари бемории шадиди ногаҳонии қалб тарки дунё кардааст.

Мурод Сотиев сармуҳаррири нашрияи вилоятии «Новый Хатлон» ва намояндаи АМИТ «Ховар» дар вилояти Хатлон буд.

Маркази тадқиқоти журналистии Тоҷикистон аз ин талафот андӯҳгин буда, ба пайвандони марҳум таслият арз мекунад. Равонаш шод ва хонаи охираташ обод бод.

Добавить комментарий