25-уми сентябр дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд як хонандаи мактаб аз хар (маркаб) афтиду ба ҳалокат расид.

Бино ба гузориши маркази матбуотии РВКД дар вилояти Суғд, ноболиғ Норбоев Соҳибҷон соли таваллудаш 2003, хонандаи синфи 10-и МТМУ №20, дар саҳрои хоҷагии деҳқонии «Тоҷиккул» воқеъ дар ҷамоати деҳоти Истиқлоли ноҳияи Деваштич аз хар ғалтидааст. Дар натиҷа ноболиғ дар ҷои ҳодиса вафот кардааст.

Санҷиши ҳодисаи мазкур идома дорад.

Faraj.tj

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here