Дар Донишгоҳи давлатии забонҳои Тоҷикистон нақшаи қабули довталабон 99,9% иҷро гардидааст. Дар ин бора имрӯз ректори ин донишгоҳ Раҷабзода Маҳмадулло зимни нишати хабарӣ хабар дод.   

“Қобили зикр аст, ки дар соли 2018 тариқи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи нақшаи қабул ба донишкада 926 нафар донишҷӯ дохил гардид, ки нақшаи қабул 99,9% иҷро гардид”. – гуфт ӯ.

Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки дар ин давраи ҳисоботӣ қабули шаҳрвандони хориҷӣ низ тибқи муқаррарот ба роҳ монда шуда, аз кишварҳои Афғонистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон  ба зинаи бакалавриат 258 нафар довталаб ба ДДЗТ дохил шудаанд.

Дар соли таҳсили 2017-2018 зинаи балакавриатро 603 нафар (шуъбаи ғоибона 150 н) донишҷӯ, аз ҷумла 9 нафар бо дипломи аъло ва шуъбаи магистратураро 43 нафар, аз ҷумла, 1 нафар бо дипломи аъло ва докторантураҳо аз рӯйи ихтисос PHD 3 нафар бо баҳои аъло хатм кардаанд.

Добавить комментарий