Ба хотири ташаккули соҳаи филмсозӣ дар кишвар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода Кинофестивали байналмилалии кӯтоҳметражи донишҷӯии «Қатра»-ро роҳандозӣ намудааст.

Фестивали мазкур ба вижа барои донишҷӯёни ин даргоҳи ҳунар имконият хоҳад дод, ки ҳунару истеъдоди хешро дар арсаи ҷаҳон нишон диҳанд ва ҳамчунин аз эҷоду офаридаҳои донишҷӯён ва дигар мутахассисони соҳаи кинои ҷаҳон воқиф гарданд.

Дар низомномаи Кинофестивал дар хусуси мақасад ва ҳадафи он оварда шудааст: «Фестивали байналмилалии кӯтоҳметражи донишҷӯии «Қатра» бо мақсади ташаккули муносибатҳои мусбат ба фарҳангу санъати гузашта ва имрӯза аз рӯи ҳамаи жанрҳои режиссура, ташаккул ва табодули таҷрибаи байналмилалӣ баргузор карда мешавад».

Дар фестивал филмҳо дар самтҳои филми ҳунарӣ, аниматсия, филми ҳуҷҷатӣ, клипи мусиқӣ пешниҳод карда мешаванд.

Бино ба иттиллои Кумитаи тадорукоти Кинофестивал, қабули филмҳо ҷамъбаст гардидааст. Тавре яке аз масъулони фестивал ба мо хабар дод, филмҳо аз кишварҳои Афғонистон, Қазоқистон, Русия, Ӯзбекистон ва дигар кишварҳои Осиё барои иштирок дар фестивал пешниҳод гаридаанд. Ба гуфти масъули фестивал, филмҳои зиёд ҳам аз дохили кишвар дар фестивал иштирок хоҳанд намуд.

Рӯзҳои баргузории фестивал аз 11 то 15-уми марти соли ҷорӣ дар назар аст. Макони баргузории фестивал шаҳри Душанбе, ДДФСТ ба номи Турсунзода, хиёбони Борбад 73а мебошад.

Бояд гуфт, ки ягон маҳдудият вуҷуд надошта, тамошои филмҳо ройгон аст.

Добавить комментарий